- маслиҳат
- [مصلحت]а1. он чи барои пешрафту хайру нафъи коре ё касе изҳор карда мешавад, салоҳи кор; гуфтугузори хайрандешона дар атрофи ягон масъала, машварат; маслиҳат ин аст, ки… салоҳи кор ин аст, ки…; маслиҳат нест салоҳ нест, дуруст нест2. фикру мулоҳизаи донандаи коре ё мутахассиси соҳае дар бораи коре ё чизе: маслиҳати пухта, маслиҳати судманд, маслиҳати хуб, маслиҳати ҷузъӣ; маслиҳати касеро қабул кардан, маслиҳати тиббӣ додан, маслиҳати тӯйро кардан; бо маслиҳати… а) бо салоҳдиди…, фикру раъйи касеро оид ба коре гирифта; маслиҳат гирифтан дар бораи дурустӣ ё нодурустии коре фикру ақидаи касеро пурсидану шунидан; маслиҳати касеро гирифтан аз рӯи савобдиди касе кор кардан, маслиҳати касеро қабул кардан; маслиҳат додан ба касе а) салоҳу суди касеро нишон додан; роҳи ҳалли масъалаеро нишон додан; роҳи дурусти кореро пешниҳод кардан; б) кореро ба касе тавсия додан; маслиҳат кардан дар бораи коре фикри касеро пурсидан, машварат кардан; маслиҳат пурсидан фикри касеро дар бораи коре гирифтан, машварат кардан бо касе; ба маслиҳат даромадан а) маслиҳат доданро оғоз кардан, ба маслиҳатдиҳӣ сар кардан; б) ба сухани касе амал кардан, аз рӯи нишондоди касе кор кардан; оши маслиҳат маросиме, ки пеш аз тӯй барои маслиҳатпурсӣ барпо мешавад ва меҳмононро бо оши палав зиёфат мекунанд, маслиҳатошӣ; маслиҳатро дар як ҷо мондан ба дурустии фикре муттафиқ шудан, ба фикру раъйи якдигар розӣ шудан, маслиҳати кореро пазондан; ҳар касе маслиҳати хеш накӯ медонад (мақ.) ҳар кас салоҳи кори худ ё манфиати худро беҳтар медонад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.